- кӯтоҳ
- [کوتاه]1. дарозиаш кам, калта; муқоб. дароз; дар муддати кӯтоҳ дар муддати на чандон зиёд, дар андак вақт2. мухтасар, ғайримуфассал: маълумоти кӯтоҳ, суханронии кӯтоҳ; кӯтоҳ-кӯтоҳ а) хеле мухтасар, ниҳоят ихтисоран: ҷавобҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ додан; б) бурида-бурида, канда: кӯтоҳ-кӯтоҳ нафас кашидан; кӯтоҳаш ҳамин ки…, қисса кӯтоҳ…, хуллас ин ки…, хулосаи гап ин ки…; ақли кӯтоҳ киноя аз ақли норасо, ақли дурноандеш; дасти кӯтоҳ киноя аз кӯтоҳдастӣ, оҷизӣ, нотавонӣ; кӯтоҳ кардан а) дарозии чизеро кам кардан, калта кардан; б) буридан, қатъ кардан; в) ихтисор кардан; кашол надодан: кӯтоҳ карда гуфтан; кӯтоҳ омадан ба қади касе ё чизе баробар наомадан; кӯтоҳ шудан тарзи мафъулии кӯтоҳ кардан; ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд (зарб.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.